МИЛИСАҲО СОДИРШАВИИ ҶИНОЯТҲОРО ҶИЛАВГИРӢ КАРДААНД
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сатҳи ҷинояткорӣ дар пойтахт дар соли 2010 нисбати соли 2009-ум 10 % кам гардидааст. Тибқи иттилои Қудратулло Ғуломов, сардори шӯъбаи ташкилии нозироти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз 3 ҳазору 202 ҷиноятҳои дар соли 2010 ба ҳисобгирифта наздики 2 ҳазору 500 ҷиноят кушода шудааст, ки беш аз 80 % кушодашавии ҷиноятҳоро ташкил медиҳад. Аз ин бар меояд, ки нисбати соли 2009 кушодашавии ҷиноятҳо 3 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷиноятҳои вазнин низ дар соли сипаригашта 12 % коҳиш ёфта, теъдоди онҳо ба 756 адад мерасад. Аз ҷониби ноболиғон бошад беш аз 170 ҷиноят содир шудааст. Аксари ноболиғони дар пойтахт ҷиноят содир карда аз дигар минтақаҳои кишвар будаанд. Корманди масъули РКД шаҳри Душанбе ҳамчунин, иттилоъ дод, ки ҷиҳати ҷилавгирии ҷиноятҳо дар пойтахт аз ҷониби кормандони РКД –и пойтахт ҳудуди беш аз 400 ҷорабиниҳои гуногуни оммавию тарғиботи гузаронида шудааст, ки он ба тақвияти тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бурдани маърифати ҳуқуқии мардум мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






