ММД ДАР ТОҶИКИСТОН БА 24,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД
Душанбе, 18 январ. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2010 ба 24,7 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2009 ба 6,5% баробар шуд, ҳаҷми таваррум бошад 9,8% ро ташкил дод», — зикр намуд 17 январ зимни ҳисобот дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов. Вазири молия ҳамчунин иброз намуд, ки дар давоми сол ба Буҷети давлатӣ 6,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст. Доир ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2010 вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ҳисобот дода, гуфт, ки айни ҳол дар кишвар 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ мегарданд. Аз ин маблағ 6,3 миллиардаш аз худ карда шудааст.Дар соли сипаригашта, ҳаҷми савдои хориҷӣ 18% афзудааст, вале нишондодҳои воридот ҳамоно аз содирот бештар аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани тафовути манфии савдои хориҷӣ чораҳо андешанд, то ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва анвои он афзун гардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






