МО ДАР ИҶРОИ ҚАРОРҲО ВАЗИФАДОРЕМ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори генералии корхонаи воҳиди давлатии( КВД) «Хоҷагии мазилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов, бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 – юми марти соли 2010 баҳри омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010 – 2011 2 ҳазору 11 корхонаи тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Ба гуфти А. Тағоймуродов, дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2010 13 ҳазор метр қубурҳои оби ошомиданӣ, 79 ҳазор метри мураббаъ роҳу роҳравҳо, 37 ҳазор метр хатҳои барқ таъмир карда шуданд. Дар ин муддат, ҳамчунин 1739 метри кубӣ дару тирезаҳо таъмиру шишабандӣ ва 182 адад таҳхонаҳоро аз об тоза намуданд. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи қувваи барқ» 4 ҳазору 80 адад лампаҳои тафсонро дар соҳаи манзилию коммуналӣ ба лампаҳои каммасраф иваз намуда, қувваи зиёди барқро сарфа намуд. Мо дар иҷрои қарору фармонҳои роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадорем ва иҷрои ҳар як фармону қарор боиси беҳбудӣ дар ҳаёти мардуми кишвар хоҳад шуд,- гуфт А. Тағоймуродов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






