МУҲОФИЗРО БАРОИ ЧӢ КУШТАНД?
Қурғонтеппа, 14 январ. (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев). – Шаби 10-ум ба 11-уми январи соли ҷорӣ Раҳмон Файзиев, муҳофизи филиали «Ориёнбонк»-и воқеъ дар ноҳияи Данғара аз ҷониби шахсони номаълум дар ҷойи кор кушта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон бо мақсади кушодани ҷинояти мазкур тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ меандешад. «Сабаби ба амал омадани ин ҷиноят дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон айни ҳол номаълум аст, яке аз сабабҳои сар задани ин ҷиноят шояд дуздӣ бошад, зеро ҷинояткорони номаълум барои даромадан ба дохили бино кӯшиши шикастани деворро карданд»,- гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ҷонишини аввали прокурори вилояти Хатлон Юсуфзода Юсуфи Сангаҳмад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






