МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО БАНДАР МУҲАММАД ҶАМИЛ АҲМАД МАҲМУД

Январь 24, 2011 14:45

   Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд эътимоднома қабул намуд.    Зимни сўҳбат, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён дошт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз равобити сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, ки бар асоси эътимод ва созандагӣ сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем ва ин матлабро борҳо таъйид намудаем».    Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сафарҳои худро ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, ифтитоҳи сафоратҳои ду кишварро дар пойтахтҳои ҳамдигар – Душанбе ва ар-Риёд ва рў ба густариш овардани муносиботи дўстию ҳамкориро боиси қаноатмандӣ арзёбӣ кард.   Бандар Муҳаммад ҷамил Аҳмад Маҳмуд изҳор дошт, ки ифтитоҳи сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе ба тавсиаи робитаҳо ва самароварии ҳамкорӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.    Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, барои тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар кўшиши зиёд ба харҷ бояд дод.   Барои ин доир намудани ҷаласаи нахустини комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва таҳияи як зумра санадҳои тавсиабахши заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд. Аз ҷумла таҳия ва ба тасвиб расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя, оид ба ҳамкорӣ дар бахши туризм ва додани қарзҳо амри матлуб арзёбӣ гардид.   Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, саноати кимиёвӣ, кўҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гўсфандпарварӣ, парвариши замбўри асал, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсолу содироти оби баландсифати нўшокӣ мароқ зоҳир карда шуд. ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кўҳӣ низ судбахш арзёбӣ гардид.    Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони конфронси исломӣ гуфтугў сурат гирифт.

Январь 24, 2011 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»