МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО ВАО-И ПОКИСТОН
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти намояндагии дипломатӣ дар соли 2010 ва муайян намудани самти асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон барои соли 2011 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ, ки дар кори он зиёда аз 40 намояндаи ВАО-и давлатӣ ва хусусии кишвар иштирок дошт, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов суханронӣ намуд. Сафир зикр намуд, ки тайи солҳои охир кӯшиши ҳар ду ҷониб барои наздиктар шудан ва ба даст овардани муносибатҳои манфиатовар боз ҳам бештар гардид. Таъкид гардид, ки соли гузашта гуфтушуниди дуҷониба дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он аъзои ҳукуматҳо ва дигар шахсони расмии Покистон дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, иштирок намуданд. Сафир баъдан ба таваҷҷӯҳи иштирокдорон дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои густариши онҳоро расонид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






