МУНОҚИШАЕ, КИ БА КУШТОР ОВАРДА РАСОНД
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 30 январи соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский, хонаи 15 ҳуҷраи 11 Соитхоним Мирмамедоваро, ки пештар бо моддаи 118-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир намуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, номбурда 29 январ соати 21.00 дар ошхонаи хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ зимни муноқишаи ба миён омада бо шаҳрванд Равшан Шердабоев бо корди ошхона се маротиба ба қафаси сина ва як маротиба ба шиками ӯ мезанад. Дар натиҷа Р. Шердабоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ огоз шуда, тафтиш идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






