МУСОДИРАИ ҲАҶМИ ЗИЁДИ МАВОДИ НАШЪАДОР

Январь 24, 2011 11:46

    Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи мазкур шаҳванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шермуҳаммад валади Ёсинро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков аз дохили борхалтаи номбурда мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ташхиси криминалӣ 54 килограмму 200 грамм маводи нашъадори навъи бангдона, 4 килограмму 75 грамм ҳашиш, 7 килограмму 645 грамм героин, 1 килограмму 300 грамм афюн, ки дар маҷмӯъ вазни умумиашон 67 килограмму 645 граммро ташкил дод, ёфт ва мусодира шуд.    Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад. 

Январь 24, 2011 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад