МУСОДИРАИ АФЮН ДАР СУҒД
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 25 январ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Рустамҷон Ғафуровро бо маводи нашъадор боздошт намуданд. Аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми кофтуков аз бағали номбурда 370 грамм афюн ёфт ва мусодира шуд. Бино ба иттилои манбаъ оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Ёдовар мешавем, ки Р. Ғафуров қаблан низ маҳкум шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






