МУТАХАССИСИ БЕҲТАРИНИ СОЛ КИСТ?
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва эътибори касбҳое, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мусоидат мекунанд, дарёфту ҷалби мутахассисони варзида, шахсони соҳибистеъдод ва ҳавасмандию қадршиносии онҳо санаи 23 сентябри соли 2010 қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода оид ба баргузории озмуни вилоятии «Мутахассиси беҳтарини сол» ба тасвиб расида буд. Озмуни мазкур дар ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар ҳудуди вилояти Суғд аз 1-уми сентябри соли 2010 то 1-уми сентябри соли 2011 гузаронида шуда, дар он намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ширкат меварзанд. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» рӯйхати пурраи иштирокчиёни озмунро дар шумораи № 2 аз 13 январи соли равон ба табъ расонида, овоздиҳии муштариёнашро тариқи барга ва СМС рӯи кор овардааст. Аз рӯи шартҳои озмун унвони «Мутахассиси беҳтарини сол» танҳо насиби онҳое мегардад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди вилоят ҷойи иқомати доимӣ доранд ва дар идораву муассисаҳои вилоятӣ, новобаста аз шакли моликият ва сохторашон фаъолият менамоянд. Озмун аз рӯи 20 номгӯй ихтисос, амсоли бинокори сол, бонкири сол, варзишгари сол, духтури сол, донишҷӯи сол, кишоварзи сол, китобдори сол, милисаи сол, муаллими сол, олими сол, рӯзноманигори сол, соҳибкори сол ва ғайра гузаронида шуда, унвони «Мутахассиси беҳтарини сол» аз рӯи номгӯи касбият дар алоҳидагӣ муайян мегардад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи ҳар ихтисос 1 нафар ғолиб муайян шуда, бо мукофоти махсус – ҷоиза ва дипломи озмун, ифтихорномаи раиси вилояти Суғд ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






