МУТОБИҚСОЗИИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ

Январь 7, 2011 17:14

Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, ки таҳти раёсати Раиси Кумитаи мазкур Сафаралӣ Раҷабов баргузор шуд,  баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият ва ҷараёни ҷаҳонишавии иқтисодиёт,  мутобиқсозии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба меъёрҳои байналмиллалӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамчунин чанде пеш дар ҷаласаи дигари Кумитаи мазкур лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида буд.

Январь 7, 2011 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд