НА ҲАР МАНСАБДОР СОҲИБТАХАССУС АСТ

Январь 11, 2011 13:52

   Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 487 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансаби ишғолнамудаашон номувофиқ дониста шуданд. Аз ҷумла, ба 316 нафар барои такмили ихтисос, ба 8 нафар барои азнавтайёркунӣ ва ба 163 нафар барои гузаронидан ба мансаби пасттари маъмурӣ тавсия дода шуд. Аз сабаби набудани мансабҳои пасттари маъмурии холӣ 118 нафар хизматчиёни давлатӣ аз мансаби ишғолнамуда озод шуданд, иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати хизмати давлатӣ Қосимов Гурез Ҷӯрақулович.   Ҳамзамон, дар давоми соли 2010 мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Раёсат дар 324 ҷаласаи озмунии 55 мақомоти марказӣ ва 71 мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.Таҳлил нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ барои ишғоли 2317 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, 1644 нафар довталаб (138 нафар зан) барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия шуданд, қайд намуд ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Гавҳар Шарофова.   Зикр гардид, ки соли ҷорӣ ба 673 мансаб ҳуҷҷат супорида нашуд ва ин мансабҳо холӣ боқӣ монданд, инчунин 1239 нафар довталаб бинобар сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ нисбат ба ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ аз озмун нагузаштанд.  Дар нишаст, ҳамчунин, таъкид гардид, ки зимни гузаронидани озмунҳо ҳоло ҳам кормандони баъзе мақомоти давлатӣ ба камбудӣ роҳ медиҳанд, ки бартараф намудани онҳо боиси беҳтар гардидани интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, дар маҷмӯъ хубтар гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ мегардад.

Январь 11, 2011 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад