НАХУСТИН ҶАЛАСАИ СИТОДИ НАВРӮЗ -2011

Январь 31, 2011 11:33

    Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Нахустин ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати таҷлили Наврӯзи байналмилалии соли 2011 дар Душанбе таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд. Дар кори ситод муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, вазирони маорифу фарҳанг, ректорони донишгоҳҳои олии дар пойтахтбуда ва санъаткорону ҳунармандон иштирок доштанд.     Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи масъулинро ба моҳияти баргузории Наврӯзи байналмилалӣ ҷалб намуда, вобаста аз ҷузъиёти сенарияи тасдиқшуда, ҷиҳати шурӯи корҳои омодагӣ дастурҳои мушаххас дод.    Бо дарназардошти ҷалби васеи иштирокдорон дар барномаҳои театрикунонидаи Наврӯзӣ, ки аз потенсиали донишҷӯён истифода мешавад, муқаррар гардид, ки тибқи нақшаи бо ректорони донишгохҳо мувофиқашуда бе халалдор намудани ҷараёни таълим машқҳои омодагӣ ба роҳ монда шавад.   Раиси шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати ташкили хӯроки яквақта ба донишҷӯён, таъмини ҳолати санитарӣ дар машқгоҳ – Наврӯзгоҳи шаҳрӣ (собиқ Ипподром) ва дастгирии молиявию пардохти хароҷоти роҳкиро ба донишчӯён, тадбирҳои воқеӣ андешида шаванд.

Январь 31, 2011 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад