НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Январь 6, 2011 16:00

    Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз 6 то 8 апрели соли 2011 дар шаҳри Душанбе дуюмин намоишгоҳи байналмилалии савдо ва саноат, ки ташкилкунандаи он ширкати намоишии байналмилалии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, баргузор мегардад.  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯби намоишгоҳ Форуми савдои Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва 500 нафар соҳибкор аз Тоҷикистон доир мегардад.    Дар намоишгоҳи мазкур намунаи масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти мошинсозӣ, таҷҳизоти барқӣ, маснуот аз пластика, таҷҳизоти хоҷагии халқ ва бастабандӣ, воситаҳои шустушӯӣ ва косметикӣ, маҳсулоти озуқаворӣ, насоҷии хонагӣ, асбоб, қисмҳои эҳтиётӣ ва электронӣ ба намоиш гузошта мешавад.   Ёдовар мешавем, ки аввалин намоишгоҳи савдову саноатии байналмиллалӣ аз 16 то 18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Дар он 150 ширкат аз 18 кишвар, аз ҷумла аз Туркия, Олмон, Испания, Полша, Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Болгария ва Тоҷикистон иштирок намуда буданд. 

Январь 6, 2011 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад