НАМОИШИ МОЛҲОИ ПОКИСТОНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Январь 6, 2011 11:43

    Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 5 январ дар шаҳри Душанбе муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев ва атташе оид ба корҳои тиҷорати сафорати Покистон дар Афғонистон ва Тоҷикистон Файз Расул дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро баррасӣ намуданд.   Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ А. Карамалиев дар мавриди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Палатаи Покистон, табодули таҷриба ва иттилооти тиҷоратии байни ду давлат ҳарф зада зикр намуд, ки дар Тоҷикистон намоиши Покистон доир гардида буд.   «Миёни Афғонистон ва Покистон Созишнома дар мавриди кашонидани бор ба имзо расида, дар он барои давлатҳои ҳамсоя як қатор имтиёз муқаррар гардидааст. Ин барои тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик бисёр мувофиқ аст. Покистон барои хариди пахта, алюминий, меваю сабзавот аз Тоҷикистон ҳавасманд аст. Вале барои робитаҳои зичтар вохӯриҳои расмӣ заруранд ва ин гуна вохӯриҳо зимни баргузории намоишҳо гузаронида мешаванд»,-таъкид намуд Файз Расул.    Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки намоиши мазкур моҳҳои май-июни соли 2011 баргузор мегардад. 

Январь 6, 2011 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад