НАРХИ ҒАЛЛАИ ВОРИДОТӢ БОЛО РАФТ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи равон нархи ғалла ва орди ба ҶТ воридшуда барои 1 тонна мутаносибан 60 – 70 доллари амрикої боло рафт. Бино ба гуфти директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» Тағоймурод Шарипов ҳафтаи гузашта дар истгоҳи Сари Агаши Ҷумҳурии Қазоқистон нархи фурӯши 1 тонна ғаллаи навъи се (3) 354 ва қимати 1 тонна орди навъи 1 -ум 416 доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳи декабри соли 2010 мутаносибан 8 – 10 доллар зиёд аст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, нархи 1 тонна орду ғаллаи то ба истгоҳи «Душанбе – 1» воридшуда боз 60 – 70 доллари амрикої зиёд мешавад. Аз ин рӯ, имрӯз дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як халта орди 50 килограмма бо сабаби боло рафтани нархи ғалла дар хориҷи кишвар ба 120 сомонї расидааст. Мутахассисон боло рафтани нархи ордро ба хушксолии соли 2010 дар мамлакатҳои истеҳсолкунандаи ин навъи маводи ғизої вобаста медонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






