НАРХИ ОБ, БАРҚ ВА МУСОФИРКАШОНӢ ТАҒЙИР НАЁФТААСТ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳанӯз дар арафаи соли нави 2011 аз тарафи ҷаллобону ҳаннотони бозорҳои шаҳр боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввал, миёни мардум тахмину гумонҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Дар асоси зангҳои телефонии сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мухбири АМИТ «Ховар» барои рӯшанӣ андохтан вобаста ба баланд бардоштани нархи истифодаи об, барқ ва хизмати нақлиёти мусофиркаш ба идораҳои марбута муроҷиат намуд. Тибқи иттилои КВД «Обу корез»-и шаҳр баланд бардоштани қимати об пешбинӣ нашудааст. Бояд ёдовар шуд, ки айни замон дар хонаҳои баландошёна қимати об барои ҳар як нафар сокини он 2 сомонию 47 дирам ва дар хонаҳои ба сектори хусусӣ тааллуқ дошта 2 сомонию 5 дирам муайян шудааст. Аз ибтидои соли нави 2011 қимати истифодаи барқ барои 1 кВт/ соат 11 дирам (ба ҷои 9 дирами пештар қабул шуда) пешбинӣ шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст,- хабар доданд аз ШСХК «Барқи тоҷик». Баланд бардоштани нархи хизматрасонии нақлиёт дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мавриди омӯзиш қарор дорад ва ҳанӯз оид ба баланд бардоштани нархи хизматрасонии мусофиркашонӣ дар нақлиёти мусофирбар маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Айни замон нархи истифода аз нақлиёти мусофиркашонӣ дар троллейбус 50 дирам, автобус — 60, «Газел» -70 ва «Хундай» 90 дирам муқаррар шудааст,- хабар доданд аз хадамоти нақлиёти мусофиркашонӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






