НАШРИ 38 НОМГӮЙ КИТОБ АЗ ҲИСОБИ ФОНДИ ПРЕЗИДЕНТ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Дар соли 2010 –ум 185 номгӯй китоб ба миқдори 1430,6 ҳазор нусха чоп шуданд. Миқдори фурӯш мувофиқи нақшаи пешбинишуда 1025 ҳазор сомонӣ буда, иҷрои нақша 1034,62 сомониро ташкил намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои нашриявии вазорат дар соли сипаригашта дар маҷмӯъ 139 номгӯй адабиёти бадеӣ барои калонсолону хурдсолон, илмӣ-оммавӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои аёниро бо теъдоди 166590 нусха ба табъ расониданд. Китобҳои аз маблағҳои Фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табърасидаи нашриёти «Адиб» дар ин давра 38 номгӯйро ташкил дод. Мавриди зикр аст, ки аз ибтидои соли 2010 то имрӯз шумораи рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг дар тарғибу ташвиқи самтҳои мухталифи фаъолияти аҳли фарҳанг ва омодагиҳо ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили санаҳои таърихии кишвар бахшида шуда, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, илму маориф, худшиносии миллӣ, мақоми забони модарӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, сӯиқасд ба ҷони худро инъикос намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






