НАСЛЕ, КИ ОЯНДА ДАР ДАСТИ ӮСТ
Душанбе, 5 январ. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Дирӯз дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 42-и ноҳияи Ваҳдат бо иштироки муаллимон ва падару модарон оид ба баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷамъомад баргузор гардид.Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки насли наврас ояндаи миллат ва давлати мо мебошад, аз ин рӯ нисбат ба таълиму тарбияи онҳо муаллимон ва падарону модарон бояд бетараф набошанд. Директори мактаби мазкур Ҳайит Юнусов омӯзгорон ва падару модаронро даъват намуд, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бетараф набошанд. Падару модарони хонандагони ин мактаб зикр намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоянд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






