НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ

Январь 28, 2011 16:51

    Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 27 январ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия, сардухтурони муассисаҳои табобатӣ, сарварони марказҳои саломатӣ ва солимгардонию профилактикӣ ва сармутахассисони соҳавӣ нахустҷаласаи Шӯрои тиббии навтаъсиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.   Раиси Шӯро, сардори шӯъбаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдумуталлим Каримов дар бораи фаъолияти муассисаҳои тиббии қаламрави шаҳр, фаъолияти соҳа дар соли 2010, ҷараёни татбиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.   Зикр гардид, ки дар 16 муассисаи тиббӣ, ки дорои 1120 кати беморӣ мебошанд, 2260 нафар духтурону кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият мекунанд.   Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди соҳа ва таъмини болоравии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соли гузашта аз буҷети шаҳр 9,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо қарори Раиси шаҳр барои табобати иштирокчиёну маъюбони ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони оқибати садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, муборизони барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон беш аз 22 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ гардид.    Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Январь 28, 2011 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард