НАЗОРАТИ МАҲСУЛОТИ МӮҲЛАТАШ ГУЗАШТА БАР ДӮШИ КИСТ?
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Мутобиқ ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» вазифаи аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолияш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок ба салоҳияти мақомоте гузошта мешавад, ки назорати сифат ва бехатарии маҳсулотро амалӣ мегардонад. Лоиҳаи ин қонун дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Эшбурӣ Эсанқулов, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар дар ҷараёни тавзеҳи масъала гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии муқаррароти талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони байналмилалӣ таҳия гардидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






