НАЗОРАТИ ВОЛИДАЙНРО ПУРЗӮР НАМОЕМ

Январь 5, 2011 17:00

   Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Баъди ба аҳолии кишвар вогузор намудани муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт пиромуни ин мавзӯъ ҷамъомаду мулоқоти судманд доир менамоянд.     Имрӯз дар маҷлисгоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 42-и ноҳия бо иштироки намояндагони Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, прокуратураи генералӣ, вазорати маориф, шӯъбаи маориф, сарварони мактабҳои ноҳия, падару модарон ва собиқадорони меҳнат ҷамъомад баргузор гардид. Шаҳрвандон дар баробари омӯзиши лоиҳаи Қонуни мазкур бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ таклифу пешниҳоди худро иброз намуданд.   Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, сарвари мактаби номбурда Мавлуда Ҳомидҷонова дар баромади худ иброз намуд, ки қабули Қонуни мазкур муҳим ва саривақтӣ мебошад ва мо аҳли зиё ҳаматарафа онро ҷонибдорӣ менамоем. Парастории фарзандро набояд танҳо бар дӯши падару модар гузошт, барои тарбияи наврас бояд волидайну мактаб ва дар маҷмӯъ худи ҷомеа саҳмгузорӣ намуда, ҷавобгарӣ низ бар дӯши ҳамагон бошад. Ӯ, ҳамчунин, пешниҳод намуд, ки дар боби 1 моддаи 3 чунин илова ворид гардад: Фарзанди ноболиғ аз соати 22.00 то 06.00 не, балки аз соати 20.00 то 06.00 дар назорати волидайн бошад.     Собира Саъдуллоева, модари яке аз хонандагон пешниҳод намуд, ки толибае, ки бо зару зевари гаронбаҳо ба мактаб меояд, волидайни ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бобокалон Мирзоев- собиқадори меҳнат таклиф намуд, ки одамони калонсол, аз ҷумла падару модарон дар назди фарзанди ноболиғ суханони қабеҳ нагӯянд. Дар ҳолати гуфтани чунин суханон волидайн ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.   Ҳозирин таклифу иловаҳои дигари худро низ дар ҷамъомад иброз намуда, дар охир бори дигар қабули Қонуни мазкурро ҳатмӣ ва барои ҷомеаи имрӯзаи мо самарабахш арзёбӣ намуданд.   

Январь 5, 2011 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад