НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ВАҲДАТ
Шаҳраки Сомониён, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳ. Рабиев).- Сесад рӯзи ободонӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди ноҳия вусъат меёбад,-иброз дошт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев зимни нишасти матбуотӣ имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия. Ба ифтихори ҷашни мазкур сохтмони мактабҳо дар деҳоти Гулистон, Зайнабобод, шаҳракҳои Сомониён, Навобод, Турсунзода, таъсиси омӯзишгоҳи тиббӣ, таъмири варзишгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 дар деҳоти Чоргултеппа, идомаи сохтмони бинои дармонгоҳи марказии ноҳия, сохтмони бинои дуюми беморхонаи касалиҳои сил, маркази саломатӣ дар деҳаи Чорсӯи деҳоти Чоргултеппа, бинои маъмурии сеошёнаи филиали «Тоҷиксодиротбонк», прокуратураи ноҳия, ба истифода додани боғи фарҳангу фароғатӣ, дарахтзоркунии талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардорони сохторҳои қудратӣ ҳузур доштанд, хабарнигорон ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






