НИГАРОНИИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ СОҲАИ МАОРИФ

Январь 19, 2011 14:33

   Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Масъалаи баъди хатми мактаби олӣ ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон низ ташвишовар аст. Синфҳои компютерӣ то ба ҳол ба мутахассисони соҳибтаҷриба ниёз доранд. Омӯзиши забонҳо, алалхусус забонҳои англисӣ ва русӣ суст ба роҳ монда шудааст. Ҳол он ки дар 6-7 соли охир борҳо дар назди масъулини соҳаи маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ доир ба ин масъала вазифаҳои мушаххас гузошта будем, изҳори нигаронӣ кард Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010-ум ва вазифаҳо барои соли 2011.   Ӯ зикр намуд, ки рушди муассисаҳои томактабӣ ҳамчун яке аз зинаҳои муҳимтарини тарбияи кӯдакон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошад, ки бояд дар маркази диққати Вазорати маориф, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.    Бо вуҷуди ин бояд таъкид намуд, ки афзоиши дастгирии давлатӣ ва хусусии соҳаи маориф дар масъалаи сатҳи таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон, таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва кадрҳои хуби омӯзгорӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб зиёданд.    Мавриди зикр аст, ки соли 2010 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмону азнавсозии 220 мактаб анҷом ёфта, 40 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин ёдовар бояд шуд, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникиву технологӣ «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шудани соли 2010 такони ҷиддӣ бахшид.

Январь 19, 2011 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд