НИГОҲУБИНИ ВОЛИДАЙН ҲАТМИСТ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар тамоми муассисаю корхонаҳои кишвар муташаккилона идома дорад. Аз ҷумла, чанде пеш дар бозори «Деҳқон» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт миёни тоҷирони бозори мазкур баррасии лоиҳаи қарори мазкур сурат гирифт ва ҷамъомадагон пешниҳоду иловаҳои худро роҷеъ ба он баён намуданд. Бино ба гуфти Обид Муҳаммадсиддиқов, як нафар тоҷири ин бозор, ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар лоиҳаи Қонуни мазкур зиёд зикр шудааст, аммо вазифаи фарзандон барои нигоҳубини волидайн кам ба назар мерасад. Ӯ пешниҳод намуд, ки бояд дар лоиҳаи Қонуни мазкур илова шавад, ки фарзандон вазифадоранд дар айёми пиронсолӣ волидайнашонро нигоҳубин намоянд. Тоҷири дигари ин бозор Ибод Саидов илова намуд, ки масъалаи демографӣ ё танзими тавлид ба Қонуни мазкур илова шавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






