ОЛИМИ СЕРМАҲСУЛИ ТОҶИК

Январь 31, 2011 11:50

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии ҳаёт ва 61-солагии фаъолияти илмию омӯзгории профессор Мамадёр Мамадназарбеков конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур оид ба инкишофи назарияи рушди устувори иқтисодӣ,  тараққиёти иқтисодиёти гузариши Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, консепсияи рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори захиравӣ ҳамчун омили рушди иқтисодӣ, афкори иқтисодии маърифатпарварони форсу тоҷик, асоси методологии тадқиқи рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва истифодаи тавсияҳои IS-LM-BP барои таъмини мувозинати иқтисодиёти кушоди Тоҷикистон дар асарҳои М. Мамадназарбеков табодули назар сурат гирифт. Мавриди зикр аст, ки М. Мамадназарбеков муаллифи 225 таълифот ва корҳои илмӣ, аз ҷумла 18 монография, рисола ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки ба таҳқиқи тарафҳои мухталифи илми иқтисодӣ бахшида шудаанд. Саҳми ин арбоби илм дар таҳқиқи масъалаҳои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, афкори иқтисодии халқи тоҷик, омодасозии китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ низ назаррас мебошад. Дар баробари фаъолияти илмӣ прфессор М. Мамадназарбеков дар   тарбияи насли наврас ва мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад ва таҳти роҳбарии ӯ 25 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.

Январь 31, 2011 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад