ОМОДАНАМОИИ НИҲОЛҲО БАРОИ БОҒҲО
Суғд, 28 январ. (АМИТ «Ховар»,Мирзоалӣ Амонов).-Барои мавсими бунёди боғу токзор дар 6 муассисаи калони ниҳолпарварӣ ва як қатор хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд 1 миллиону 600 ҳазор бех ниҳоли мевагӣ ва 200 ҳазор бех ниҳоли ток тайёр аст. Муассисаҳо-хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Шаҳристон ба мавсим аз 20 то 800 ҳазор бех анвои гуногуни ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда тайёр кардаанд. Ин ниҳолҳои меваҳои донакдор, тухмдор ва мағздор аст.Кормандони хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд айни замон аз рӯи шартнома ба хоҷагиҳои минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии мамлакат ниҳол фиристода, ҳамзамон корҳои агротехникӣ ва омодагӣ ба бунёди боғу токзори навро вусъат мебахшанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






