ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Январь 28, 2011 16:16

   Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар соли 2010 ба Суди конститутсионӣ зиёда аз 300 муроҷиати хаттиву шифоҳии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар шакли аризаю шикоят ва пешниҳоду дархост ворид гардид. Мазмуни муроҷиатҳои зикргардидаро асосан масъалаҳои поймол намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, баҳсҳои манзилӣ, иқтисодӣ, молу мулкӣ, шикоят аз болои қарору ҳалномаҳои судҳо ва таъминоти нафақа ташкил медиҳад.  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти мазкур хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ ба Суди конститутсионӣ 322 мактуб аз вазорату идораҳои мухталифи давлатӣ, 1126 санади меъёрии ҳуқуқии мақомоти гуногуни давлатӣ ва 227 маҷаллаву нашрияҳо ворид гардиданд, ки аз тарафи судяҳо ва кормандони масъули Дастгоҳи Суди конститутсионӣ мавриди омўзиш ва баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.  Кормандони дастгоҳ дар ин муддат бобати омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва такмили донишу малакаи касбии худ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба шаҳрҳои Мисри Араб, Афинаи Гретсия, Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон ба сафарҳои хизматӣ фиристода шуданд, ки ин ба омўзиши таҷрибаи давлатҳои дигар ва баланд бардоштани дониши касбии кормандон равона шудааст.   Дар ин муддат дар Суди конститутсионӣ осорхона ба фаъолият шурўъ намуд, ки дар он бо таърихи фаъолияти суд ва кормандони собиқи он ошноӣ пайдо намудан мумкин аст. Дар осорхона, ҳамчунин, ҳадяҳои гуногун, ки аз тарафи мақомоти бонуфузи давлатии дохиливу хориҷӣ бо арзи эҳтиром ба Суди конститутсионӣ тӯҳфа гардидаанд, баҳри намоиш гузошта шудаанд. 

Январь 28, 2011 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад