ОЗМУН БАРОИ БЕҲТАРИН ИХТИРОЪ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 20 январи соли 2011 озмуни вилоятӣ барои ихтирооти беҳтарини сол дар соҳаҳои истеҳсолот, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ эълон гардид. Ин тадбир бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳандозӣ мешавад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мутобиқи замима ба қарори мазкур, Низомномаи озмуни вилоятӣ барои ихтирооти беҳтарини сол тасдиқ шуда, аз рӯи шартҳо ва тартиби баргузорӣ ғолиби озмун нафаре дониста мешавад, ки навоварӣ ва ихтирооти ӯ дар рушду инкишоф ва самаранокии хоҷагии халқ, пешрафти иқтисодиву иқтидори мудофиавии мамалакат қобили истифода гардад. Барои ихтирооти беҳтарин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд се мукофот: барои ишғоли ҷои аввал — 2500 сомонӣ, ҷои дуввум — 1500 сомонӣ ва ҷои сеюм – 1000 сомонӣ маблағ муайян намудааст. Ихтироъкороне, ки дар озмуни вилоятӣ иштирок менамоянд, мавод ва ихтирооти худро метавонанд то 1 июн ба шӯъбаи илм ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






