ПАХШИ САРОСАРИИ ТВС ТО ҶАШНИ НАВРӮЗ — 2011
Душанбе, 12 январ, (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Муассисаи ТВ «Сафина» айни ҳол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 79,09% тамошобин дорад. То ҷашни Наврӯз-2011 тамоми минтақаҳо бо мавҷи ТВ «Сафина» пайваст хоҳанд шуд, иброз дошт Лутфулло Давлатов, директори ТВ «Сафина» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО. Қайд карда шуд, ки соли 2010 идораи таҳия ва дубляжи филмҳо 60 филми бадеӣ ва мустанадро ба забони тоҷикӣ баргардонд. Вобаста ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли эҷоди Муассиса тасмим гирифтааст як силсила лоиҳаҳои навро дар соли 2011 амалӣ гардонад. Аз ҷумла, барномаҳои нави «Толори оинаҳо», «Мухлис», «Артиш», «Дар ин замона», «Зебосанам», «Ҷилваи ҳунар», «Салом, дугонаҷон», «Саҳна», «Ситораи бахт» дар ҷараёни таҳия мебошанд. Ҳамчунин ба истиқболи ин санаи фархунда силсилаи филмҳои мустанад ба навор гирифта мешавад. «Телевизиони Сафина»дар як шабонарӯз дар ҳаҷми 18 соат ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барномаҳои иттилоотӣ, фароғатӣ, омӯзишӣ ва маърифатӣ пахш мекунад ва барои амалӣ кардани сиёсати фарҳангии мамлакат ва боло бурдани сатҳи маънавии мардум , тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносии ҷавонон саҳми муносиб мегузорад,- иброз дошт Лутфулло Давлатов ба хабарнигорон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






