ПАРДОХТИ 35 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗИ МУЗДИ МЕҲНАТ БА СОҲИБОНАШ
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Мақомоти прокуратура дар соли 2010-ум вобаста ба ҳолати иҷрои қонунҳо 6600 санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо зиёда аз 33 800 санадҳои эътиноии прокурорӣ баровард»,- гуфт Прокурори генералии ҷумҳурӣ Салимзода Шерхони Одина дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар натиҷаи баррасии онҳо зиёда аз 21 800 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 1638 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Ҷуброни зарари расонидашуда аз қонунвайронкуниҳо маблағи 186 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва 90 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он қариб 124 миллиону 500 ҳазор сомониаш ба буҷети кишвар ворид шуд. Дар рафти гузаронидани санҷиш дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ 5507 сар чорво ба тариқи асл барқарор карда шуд. Бо дахолати бевоситаи прокуророн зиёда аз 35 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнати кормандони муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои гуногун ба соҳибонашон баргардонида шуда, 120 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарзи андоз ба буҷет барқарор гардид, қайд кард Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






