ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ НИСБАТ БА ДУ НАФАР КОРМАНДИ АГЕНТӢ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-« Дар соли 2010-ум 17 нафар корманди Агентӣ аз кор озод шуда, нисбат ба ду нафар, ки дар порагирӣ даст доштанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд»,- гуфт директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов дар нишасти матбуотӣ. Бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти мубориза бар зидди тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, инчунин таъмини назорат аз рӯи истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, қарзҳои давлатӣ ва грантҳо дар соли 2010 мутахассисони Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар хоҷагидории давлатӣ 1206 тафтишу санҷиши молиявӣ гузарониданд. Дар натиҷа ба маблағи 110,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид,-таъкид намуд Фаттоҳ Саидов. Аз зарари молиявии ошкоргардида 76,6 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат барқарор карда шуд. Маблағҳои калони зарари молиявӣ дар сохторҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, Департаменти авиатсияи гражданӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, КВД «Роҳи оҳан», вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, маориф, мудофиа, молия ва тандурустӣ ошкор шуданд,- гуфт дар хотима директори Агентӣ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






