ПЕШГИРИИ ИНТИҚОЛИ ГЕРОИН БА МОСКВА
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 631 самти Душанбе-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Насров (соли таваллудаш 1985)-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста боздошт намуданд. Кормандони гумрук ҳангоми муоинаи гумрукии бағоҷи дастии Ф. Нарсов аз дохили ду халтаи носи хушкдошта ду адад бастаи селофанӣ бо хокаи сафеди зардчатоби ба маводи «героин» монандро дарёфт ва мусодира намуданд. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфтшуда навъи героин буда, вазни холиси он 1 килограмму 457,2 граммро ташкил дод. Ёдовар мешавем, ки оид ба ин ҳодиса нисбат ба Фазлиддин Нарсов парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба прокуратураи нақлиётии ҷумҳурӣ барои гузаронидани тафтишоти пешакӣ фиристода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






