ПИНҲОНКУНИИ АНДОЗ АЗ ҶОНИБИ АНДОЗСУПОРАНДАГОН

Январь 22, 2011 10:20

   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорони ВАО иттилоъ доданд, ки мақомоти андоз дар соли 2010 тибқи Нақшаи тасдиқшуда ва дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 2805 андозсупоранда (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Аз ҳисоби санҷишҳои гузаронидашуда дар ҳаҷми 107,5 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз он 41,7 млн.сомонӣ ба буҷет дохил шудааст, ки 38,8 фоизро ташкил медиҳад.   Барои чораҷӯии минбаъда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 192 мавод ба маблағи 80,2 млн. сомонӣ пешниҳод шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 11,7 млн. сомонӣ ворид шуд, ки ин 14,5 фоизи маблағҳои ошкоршударо ташкил медиҳад. Таҳлил ва омўзиши санадҳои санҷиши андоз нишон медиҳад, ки то ҳанӯз андозсупорандагон на танҳо ҳангоми ҳисобу пардохти андозҳо иштибоҳ менамоянд, балки дидаву дониста ба пинҳонкунии андозҳо низ роҳ медиҳанд, — тазаккур дод раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов.

Январь 22, 2011 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад