ПОРАДЕҲОН ДАСТГИР ГАРДИДАНД

Январь 24, 2011 15:15

    Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Рӯзи 25 январ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ баргузор мегардад. Вақтҳои охир кормандони ин Агентӣ барои ошкор намудани ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили порадеҳию порагирӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.    Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳангоми санҷиши молиявӣ дар ҶММ «Петролиум Суғд» муайян намуданд, ки соҳибкори инфиродӣ Ином Бобоев ба камбудиҳои молиявӣ роҳ додааст. Номбурда барои рӯйпӯш намудани кирдорҳои ғайриқонуниаш ба як нафар корманди Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд 1000 доллари амрикоиро ба сифати пора пешниҳод намуд. Баъди бо гузориш ба роҳбарияти Агентӣ муроҷиат намудани корманди раёсат соҳибкор Ином Бобоев зимни додани пора аз тарафи кормандони оперативии ҳамин раёсат дастгир шуд.   Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мудири хоҷагии Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳайдаралӣ Ваҳҳобов ҳангоми ба кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд пешниҳод намудани 1000 доллари амрикоӣ маблағ ба сифати пора барои нагузаронидани санҷиш оид ба хариду фурӯши қисми бинои ҳамин ҷамъият аз тарафи кормандони оперативии ҳамин раёсат дастгир шуд.   Нисбат ба қазияҳои дар боло номбаршуда тибқи моддаи 320 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  

Январь 24, 2011 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад