ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э.РАҲМОН ЯК ҚАТОР ТАҒИРОТИ КАДРИ ВОРИД НАМУД
Душанбе, 22 январ. (НИАТ «Ховар»). – 21 январ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд. Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин карда шуд. Ҳамдам Тағоймуродов — Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бахтиёр Шукуров — Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Талбак Салимов — Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сафиаллоҳ Девонаев — Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Амонулло Ашур аз вазифаиСардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, Директори Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Музаффар Исоқов — Директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»; Алимурод Маҳмадалиев аз вазифаи Директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» озод гардида, Сардори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Далер Рашидбеков — Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






