РӮЗИ ЯГОНАИ АХБОР ДАР СУҒД

Январь 25, 2011 17:06

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Дар 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд тибқи нақша Рӯзи ягонаи ахбор бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, олимону устодони мактабҳои олӣ, адибон, рӯзноманигорон, занону ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи барқияи ирсолшуда бо иштироки намояндагони мақомот ва тарғиботчиёни маҳаллӣ гузаронида шуд.      Дар мулоқоту вохӯриҳо тарғиботчиён оид ба дастовардҳои соли 2010, ки аз ҷониби Сарвари давлат Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардида буд, бо мардум ошкоро сӯҳбат намуданд.   Ҳамчунин тарғиботчиён шунавандагонро бо рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, ба иштироки фаъолона дар озмунҳои вилоятии «Шаҳр (ноҳия)-и беҳтарин», «Мутахассиси беҳтарин» даъват намуданд.   Аз ҷониби аҳли ҷомеа нисбат ба сиёсати имрӯзаи давлат, рушди иқтисодии мамлакат қаноатмандӣ изҳор гардид.    Дар рафти сӯҳбатҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ба масъулини шаҳру ноҳия супориш дода шуд, ки таклифҳои пешниҳод шударо омӯхта, ба сохторҳои дахлдор ирсол намоянд. 

Январь 25, 2011 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард