РӮЗНОМАИ ШАҲРӢ ҒОЛИБИ ОЗМУН

Январь 11, 2011 15:13

    Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рӯзномаи шаҳрии «Паёми Душанбе» ғолиби озмуни нашрияи беҳтарини «Соли 2010-соли маориф ва фарҳанги техникӣ» гардида, ба маблағи 2500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд. Сардабири рӯзнома Мухбирҷон Кенҷаев бо нишони «Аълочии ифтихории маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва хабарнигорони рӯзнома Ҷамоли Абдулҳай ва Нигора Азимова бо «Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардиданд.  Зинаи дуюм ва сеюми озмунро нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» сазовор гардида, бо 1500 ва 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд.  Абдуҷаббор Раҳмонов вазири маорифи ҷумҳурӣ дар маросими тантанавӣ тамоми ғолибону иштирокдорони озмунро табрик намуда, ба онҳо мукофоту ифтихорномаҳои озмунро супорид.  Мавриди зикр аст, ки озмуни нашрияи беҳтарин бахшида ба «Соли 2010- Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илму маорифи кишвар дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси вазорати маорифи кишвар ташкил ва гузаронида шуд.

Январь 11, 2011 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард