РАДИОИ «ХАТЛОН» РӮИ МАВҶИ FM
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).-Радиои вилоятии «Хатлон» рӯзҳои наздик ба реҷаи FM мегузарад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси кумитаи вилоятии телевизион ва радиои вилояти Хатлон Ҳамро Салимов хабар дод. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки чанд рӯзи охир ноқили паҳнкунандаи мавҷи барномаҳои радиои вилоятӣ зарар дидааст ва аз ин сабаб як қисми аҳолӣ аз гӯш кардани он маҳрум гардидаанд. Тибқи суханони Ҳ. Салимов роҳбарони кумита ният доранд, ки таҷҳизоти ҳозиразамони паҳнкунанда ва зарурӣ харид намоянд. «Баромадан ба мавҷи FM имконият медиҳад, ки барномаҳо бо сифати хуб пахш шаванд»,- қайд намуд Ҳ. Салимов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






