РАФЪИ ИНТИҚОЛИ АШЁИ ҚАДИМӢ
Душанбе, 28 январ. (Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл кормандони дидбонгоҳи гумрукии фурудгоҳи шаҳри Хуҷанди Раёсати минтақавии гумруки дар вилояти Суғд буда ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мусофирони хатсайри №960 самти Хуҷанд-Москва шаҳрванд С. (соли таваллудаш 1959)-ро ҳангоми интиқоли ғайриқонунии ашёи аҳамияти таърихию фарҳангӣ дошта боздошт намуданд. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз дохили сумкаи рангаи хокистарранги номбурда 4 адад лавозимоти қадима, аз ҷумла як адад кўзаи мисин ва се адад кўзаҳои лойини қадимаро дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи хулосаи ташхиси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ашёи мусодира гардида лавозимоти қадимӣ буда, обдони мисин ба солҳои 50-уми асри 20, нафтандоз ё худ симобкўзачаҳо ба асрҳои 13-14–ум тааллуқ дошта, интиқоли онҳо бе иҷозатномаи Вазорати фарҳанг аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад. Аз рўи ин ҳодиса парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






