РАИСИ НАВИ ФРАКСИЯИ ҲХДТ ДАР ПАРЛУМОН

Январь 27, 2011 14:42

  Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Эмомалӣ Раҳмон, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова дар ҷаласаи навбатии фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Раиси фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб гардид.    Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов мттилоъ дод.    Қаблан Ҷумъабой Сангинов вазифаи Раиси фраксияи ҲХДТ –ро дар Маҷлиси намояндагон ба ӯҳда дошт. Бояд зикр кард, ки Ҷ. Сангинов чанде пеш бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ муовини аввали Раиси вилояти Суғд таъин гардид.    Махфират Хидирова доктори илми фалсафа буда, ду навбат аст, ки вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб мегардад.      Шукурҷон Зуҳуров Раиси Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти минбаъда дар ин кори пурмасъулиятнок ба М. Хидирова комёбӣ таманно намуд.     Дар ҷаласа муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифов ҳузур дошт.   

Январь 27, 2011 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад