РИОЯИ ҲАТМИИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 19, 2011 15:32

    Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Бо мақсади ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони дорои донишу малакаи замонавӣ, муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти рушди тарбияи томактабӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти умумӣ, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо технологияи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини муассисаҳои таълимию илмӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ корҳои судманд анҷом дода шуданд»,- изҳори хушнудӣ кард Сарвари давлат.   Барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чанде пеш лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ҳадафи асосии ин иқдом тарбияи насли солиму тарбиядида ва ба воя расонидани кадрҳое мебошад, ки ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта хоҳад шуд, гуфт Сарвари давлат.   Президенти мамлакат ба тамоми раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода таъкид намуд, ки муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба таври васеъ таъмин намуда, ҳамзамон бо ин, риояи ҳатмии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму маросимҳо»-ро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Январь 19, 2011 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад