РИВОҶИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Январь 18, 2011 16:57

   Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли 2010 дар асоси робитаҳои байналмилалӣ Вазорати кишоварзии ҶТ бо Вазорати кишоварзии Ҳиндустон ва Минтақаи Мухтори Синзяну Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Аврупо, Туркия, Федератсияи Русия, Украина, Муғулистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ дар асоси шартномаҳои дутарафа ривоҷ дода шуд,- иброз дошт муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорони дохилӣ ва хориҷии кишвар.   Ҳамзамон, дар асоси барномаҳои байналмилалӣ давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва дигар созмонҳо барои иштироки 49 нафар мутахассисони вазорат дар конфронсҳо, вохўриҳо, семинарҳо ва курсҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардиданд, мусоидат намуданд.    

Январь 18, 2011 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд