РОҲБАРӢ ВА ИДОРАКУНИИ СОХТОРИ ОБТАЪМИНКУНӢ

Январь 22, 2011 09:50

   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –26 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъомади муштараки шабакаҳои ташкилотҳо-шарикон оид ба обтаъминкунии устувор ва беҳдоштӣ гузаронида мешавад.   Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ хабар доданд, моҳи октябри соли 2010 дар вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об гурӯҳи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба Барномаи рушди СММ таъсис ёфт.   Гурӯҳи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба Барномаи рушди СММ кори худро оид ба амалӣ намудани аввалин унсури Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон дар мусоидат бо Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкил намудани шароити мусоид дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ, ки ба идоракунии мустаҳками соҳа оварда мерасонад, оғоз намуд.    Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби Лоиҳаи мазкур сафари омӯзишӣ ба давлати Чехия барои гурӯҳи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаи обтаъминкунӣ ташкил гардид.    Бо мақсади табодули таҷриба ва омӯхтани маводи инноватсионии идоракунии соҳаҳои обтаъминкунӣ чанде пеш 10 нафар мансабдори давлатӣ аз давлати Чехия дидан намуданд.

Январь 22, 2011 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд