РОҲИ ОҲАН- РОҲИ ҲАЁТ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар бозори хизматрасонии нақлиётии вилояти Суғд ҳоло беш аз 50 ширкат фаъолият дошта, дар соли 2010 ба ҳаҷми беш аз 25 млн. тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 140 млн. нафар мусофирон кашонида шуданд. Сохтмончиёни нақби «Шаҳристон» то ин дам 4 190 метр нақби нақлиётӣ ва 4 480 метр нақби ҳаводиҳанда канда, торафт ба анҷоми корҳои асосӣ наздик меоянд. Барои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов ва Қайроққум аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ 7 млн. сомонӣ, барои таъмири роҳ ва кӯпрук ҷиҳати пайваст намудани ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Истаравшан тавассути Уяс — 200 ҳазор сомонӣ, таъмири роҳи автомобилгарди Бӯстон – Комсомол — Фармонқӯрғон — Платина 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки даромади тарофавии ташкилоту муассисаҳои алоқаи вилоят беш аз 200 млн. сомониро ташкил дод, ки аз ин 130 млн. ҳазор сомониаш хизматрасонӣ ба аҳолӣ буда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 17,1 ва 8,6 фоизиро ташкил медиҳад. Тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 234,9 ҳазор мусофир гусел ва 577 тонна бору почта фиристода шуд, ки нисбат ба соли 2009 мутаносибан 115,6% ва 187,3%-ро ташкил дод. Тавассути роҳи оҳан 6371 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 81,3 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд, ки мутаносибан 64,2% ва 45,4%-ро ташкил дод. Аз ҷониби роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баҳри таъмини супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар содир намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти роҳи оҳани ҷумҳуриҳои ҳамсоя якчанд имтиёз муайян шуд. Чунончӣ, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ бо вагонҳои рефрижераторӣ ба роҳи оҳани Тоҷикистон – 50%, Ӯзбекистон – 40%, Туркманистон – 40% ва Федератсияи Россия – 50% арзиши боркашонӣ арзон карда шуд. Ин боис гардид, ки соли ҷорӣ 233,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 132,7 ҳазор тонна пиёз, 12,7 ҳазор тонна меваю сабзавоти гуногун, 7,1 ҳазор тонна консерваҳо ва 81,2 ҳазор тонна меваи хушк содир шавад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






