РОССИЯ ВА ҚАЗОҚИСТОН ШАРИКОНИ АСОСИИ САВДОИ ХОРИҶИИ СУҒД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 570658,4 ҳазор доллари ИМА, бо мамлакатҳои хориҷи дур 373948,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки содироти мол аз вилоят дар моҳҳои январ – декабри соли 2010 ҳамагӣ 207782,1 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 — ум 57495,5 ҳазор доллари амрикоӣ ё 38,2 фоиз зиёд аст. Воридоти мол ба вилоят 736824,4 ҳазор долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2009 — ум ба маблағи 77 866,5 ҳазор доллари ИМА ё 11,8 фоиз зиёд аст. Оид ба содирот шарикони асосии вилояти Суғд Федератсияи Русия бо 32,9 фоиз, Швейсария бо 15,9 фоиз, Чин бо 10,6 фоиз, Туркия бо 7,8 фоиз, Италия бо 7,0 фоиз, Қазоқистон бо 6,5 фоиз, Латвия бо 4,3 фоиз, Украина бо 2,6 фоиз мебошанд. Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои ИДМ: аз Федератсияи Русия – 36,7 фоиз, Қазоқистон – 17,8 фоиз, Ӯзбекистон — 2,0 фоиз, Белорус — 1,9 фоиз, Туркманистон – 1,5 фоиз, Қирғизистон — 1,2 фоиз сурат гирифтааст. Аз мамлакатҳои хориҷии дур: Чин — 10,7 фоиз, Литва — 6,5 фоиз, Олмон — 3,5 фоиз, Ҷумҳурии Корея — 2,9 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Эрон — 2,8 фоиз, Латвия — 2,0 фоиз, Туркия — 1,8 фоиз ба вилоят мол ворид шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






