РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР РАШТ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз таҳти роҳбарии вазир Қосим Қосимов ҷаласаи фаврӣ бо иштироки муовинон, роҳбарони сохторҳои вазорат, олимони соҳа ва мутахассисони мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон баргузор гардид. Дар ҷаласа ду масъала баррасӣ гардид. Бо назардошти боришоти нисбатан ками фасли тирамоҳи соли 2010 бо фармони вазир гурӯҳи кории вазорат ташкил шуда, аз 24 январ то 1 уми феврал ҳолати тамоми киштзор, махсусан кишти ғалладонаро омӯхта мебароянд ва барои бартараф намудани камбудиҳо дар ҷояш кӯмаки илмӣ-методӣ ва машваратӣ мерасонанд. Дар асоси таҳлили амиқи онҳо вазъи воқеии киштзори ғалладонагиҳо муайян шуда, дар ҳолати зарурӣ ёрдами моддиву техникии Ҳукумати ҷумҳурӣ расонида мешавад. Дуввум- баррасии рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Рашт. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Вазорати кишоварзӣ тасмим гирифтааст, ки солҳои наздик дар ин минтақа барои афзоиши майдони кишти картошка, боғпарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯри асалпарварӣ ва чорводорӣ корҳои мушаххас анҷом диҳад. Аз ҷумла, ба хоҷагиҳои ноҳия 200 тонна тухми картошкаи серҳосил, 15 ҳазор моҳичаҳои зотӣ, 10 трактори «Тоҷирон» кӯмак расонида шуда, бунёди боғҳои нав, таъмиру азнавкунии боғҳои кӯҳна ва ташкили мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад гурӯҳи босалоҳияти корӣ бо роҳбарии вазири кишоварзӣ ташкил шуда, рӯзҳои наздик ба ноҳияи Рашт сафар мекунад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






