САҲИФАҲОИ НОРӮШАНИ ҲАЁТИ ИКРОМӢ

Январь 6, 2011 11:53

    Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Ҷалол Икромӣ. Саҳифаҳои норӯшан»- нашриёти «Шарқи озод» таҳти чунин унвон дар бораи нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ китоб чоп намуд.      Китоби мазкур бо мусоидат ва маблағгузории раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон интишор гардид.      Муаллифи китоб писари нависанда Ҷонон Икромӣ буда, дар асари мазкур хотироти худро нисбат ба падар, саҳифаҳои ҳаёт ва фаъолияти ӯ, ки солҳои зиёд барои хонандагон ноаён буд, ҳамчунин он душворию азиятҳоеро, ки бар дӯши нависандаи асил афтода буданд, рӯи коғаз овардааст.   Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷалол Икромӣ аз нависандагони тавонои тоҷик ба ҳисоб меравад. Яке аз асарҳои пурарзиш ва калонҳаҷми ӯ романи «Духтари оташ» аст, ки дар он ҳаёти Бухоро дар арафаи сарнагун гардидани аморати Бухоро, солҳои аввали инқилоб ва ҳокимияти халқӣ дар Бухоро бо маҳорати баланд нишон дода шудааст.     Ёдовар мешавем, ки романи мазкур бо мукофоти давлатии ба номи устод Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. 

Январь 6, 2011 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд