САБАБҲОИ ХУДКУШӢ: ЗӮРОВАРӢ, ХУШУНАТ Ё…

Январь 24, 2011 17:25

    Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард) .-Моҳи апрели соли ҷорӣ барои дарёфти грантҳои президентӣ байни соҳибкорон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври нави озмун эълон гардид,, ки 30 нафар соҳибкорон ғолибони грантҳои Президентӣ гардиданд, иброз дошт зимни нишасти матбутӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ Сумангул Тағоева.    Мавсуф қайд намуд, ки тавассути татбиқи ин лоиҳаҳо корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, қаннодӣ, сехҳои заргарӣ, мӯҳрабофӣ, хоҷагиҳои чорводориву асалпарварӣ таъсис ёфта, 332 нафар бонувон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, 20 лоиҳа дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа дар байни занону духтарон соҳиби гранти Президентӣ гардиданд.    Ҳамчунин зикр гардид, ки соли сипаригардида 703 ҳолати худкушии занону духтарон ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 106 адад зиёд мебошад. Сабаби асосии ин ҳодисаи номатлубро раиси Кумита гирифторӣ ба касалии рӯҳӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила арзёбӣ намуд. 

Январь 24, 2011 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад