САДО АЗ ДУ ДАСТ АСТ

Январь 24, 2011 11:56

   Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли 2010 сохторҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бо 10 ҳазору 525 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои таъмин намудани 518 ҳазору 684 гектар майдон бо об шартнома ба имзо расониданд. Тибқи дархости обистифодабарандагон вазорат дар ҳаҷми 4 млрд. метри кубӣ бо арзиши 79 млн. 750 ҳазор сомонӣ хоҷагиҳоро бо об таъмин намуд,- хабар доданд аз вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар».   Вазорати мазкур ўҳдадориҳои худро оид ба обрасонӣ дар назди обистифодабарандагон иҷро намуда бошад ҳам, вале аз ҷониби обистифодабарандагон, бахусус, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳаққи обрасонӣ ҳамагӣ ба маблағи 37 млн. 300 ҳазор сомонӣ ё ин ки 47 фоиз пардохт шудааст.   Ба иттилои ҳамин манбаъ, бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли ҷорӣ 42,5 млн. сомонӣ ва қарзи умумӣ бо назардошти солҳои гузашта 227 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.   Пас, аз обистифодабарандагон пурсида мешавад, ки дар соли 2011 Вазорати мелиоратсия пойгоҳҳои обкаширо бо кадом маблағ ба кор омода созад то ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об таъмин шаванду ҳам вазорат техникаи обрасонии худро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ дорад?    Чунонки дар урфият мегўянд: «Садо аз ду даст бармеояд».

Январь 24, 2011 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад